Оиди Ширкат Навид Маҳсулот ВАО дар бораи мо Алоқа

Маҳсулот


Гирдаи мевагии «Power Disc»

Номгуи махсулотхои банду бастшаванда бо намудхои меваи хушк, чормагз, лубиёги, чойи меваги ва гайрахо боз хам зиёдтар карда шуд.
Дар чорчубаи азнавсози хати махсулоти нав – гирдаи меваги(халво) ба кор огоз гардид. Дар чахон миллионхо ахоли сифати зиндагиро бо саломати вобаста менамоянд.
Гирдаи мевагии «Power Disc» барои шахсоне, ки бо варзиш сарукор дошта ва ба хамагоне, ки ба соломатиашон хунукназар нестанду ба маводхои табии ва фоидаовар эътикод доранд мувофик ва боматлаб аст.
Махсулот бо пурраги аз маводхои ба табиат мансуббуда тайёр шудааст. Бо нишондихандахои калони дорогии витаминхо, минералхо ва хучайрахои меваги фарк мекунад, Гирдаи мевагии «Power Disc» истеъмолкунадогонро бо таъми гуногун ва хамчоягии бехтарини меваю чормагз хушнуд менамояд.

Тамгахои:
  • Зардолу ва бодом
  • Зардолу ва магзи зардолу
  • Анчир ва чормагзи замини



 
 

Омехтаҳои хушкмеваҳо

Омехтаи меваҳои хушк хеле фоидаовар буда, мазаи гуворо (хуш) дошта тайёр карданаш осон мебошад. Технологияҳои мусоир дар истеҳсолот имконият медиҳанд, ки витаминҳо ва хусусиятҳои фоиданоки меваҳоро нигоҳ дошта, сифатҳои ҳақиқии табии онҳоро то истеъмолкунанда расонанд. Ба таври бойю хеле хуб мувофиқшавии қисматҳо ба нўшоба маззаю бўйи баланд мебахшад.

Омехтаҳои меваҳои хушкро асосан барои тайёр намудани обҷўши он, чипсҳо аз хушкмеваҳо, инчунин барои тайёр намудани мюслӣ истифода мебаранд. Ин маҳсулот байни муассисаҳои хўроки умум васеъ истифоа шуда, дарсавдои чакана харидоргир ва устувор аст.

Шумо метавонед, чунин навъҳои омехтаҳои хушмеваро аз мо дастрас намоед:
  • Омехтаи хушкмеваҳо бо себ
    Қадоқ: 5 кг қутӣ 500гр. (Пакет, қағозпўш). 20 пакет дар Гофроқуттӣ.
    Таркиб: себ, зардолуи хушк (ғўлунг), нок, олуча, мавиз
  • Омехтаи хушкмева бо биҳӣ
    Қадоқ: 500гр. Пакет, 20 пакет дар Гофроқуттӣ.
    Таркиб: биҳӣ, зардолуи хушк (ғўлунг, баргак), себ, нок, олуча, мавиз.
 

Себи хушк

Себ на танҳо меваи паҳншудатарин, балки кони ҳақиқии витаминҳо низ мебошад. Себи хушк низ монанди себи тару тоза фоиданок аст. Себи хушк дорои фруктоза, глюкоза, сахароза, кислотаҳои органикӣ, намакҳои минералӣ, пайвастҳои органикӣ оҳан ва фосфор, инчунин витаминҳои В, С ва А каротин мебошад. Ба туфайли чунин таркиб, себ ба ивазшавии моддаҳо дар организм, ба мубодилаи дохилиҳуҷайравӣ ва байниҳуҷайравии моддаҳо таъсири мусбӣ расонида, ҳазмкуниро беҳтар мегардонад.

Шумо метавонед аз мо дастрас намоед:
  • Себи хушк
    Қадоқ: 300гр. Пакет 20 пакет дар гофроқуттӣ
  • Себи бурида
    Қадоқ: 20кг крафтхалта (ПП пакетҳо 4 х 5 кг)
 

Хучи хушк (Шиповник)

Хуч – меваи хўдрўй бо миқдори баланди витаминҳои С ва Р инчунин микроэлементҳои оҳан, фосфор, марган, калсий ва магний. Мунтазам истеъмол намудани оббҷўши хуч масъунияти баданро мустаҳкам мекунад, ба туфайли флавноидҳо ба шахсони фишори баланди хун дошта, фоиданок аст.
Меваҳои хушки ранги зарди баланду сурхатоби аз баргу пояҳо тозакардашудаи хуч, ашёи хоми доруги мебошад.
Меваҳои хуч танҳо баъд аз хуб пухта расидан ҷамъоварӣ карда мешавад. Хуч бо роҳи табии бе коркарди кимёвии хушконида мешавад.

Шумо метавонд аз мо дастрас намоед:
  • Хучи хушк
    Қадоқ: 500гр. Пакет, 20 пакет дар гофрокуттӣ
 

Хушкмеваҳои бурида

Меваҳои хушк низ ба монанди меваҳои тару тоза фоиданоканд, ғилзати моддаҳои фоидаовар бошад (витаминҳо, минералҳо, ҳуҷайрапардаҳо, энзимҳо) дар онҳо то ҳатто баландтар аст. Гап дар он аст, ки ҳангоми хушконидан маза ва бўй, инчунин таркиби витаминию минералии мева нигоҳ дошта мешавад, ки ин қимати баланди озуқагию маззаи хеле хубро таъмин менамояд. Мо меваҳои фоиданоктарину паҳншударо ба сифати ҷузъи саноати озуқаворӣ пешкаш менамоем: баргак, нок, себ.

Баргак (курага) – (зардолуи хушк) дар таркибаш бисёр карбогидратҳои тезҳалшаванда калий, калсий, магний, фосфор, оҳан,витаминҳо, кислотаҳои органикӣ ва дигар моддаҳои фоидаовар дорад. Зардолуи хушк барои бемориҳои узвҳои дилу раг фоиданок аст.

Нок – манбаи хеле хуби карбогидратҳо буда витамини С, витаминҳои гурўҳи В, Р ва каротин дорад. Нок ҳамчун воситаи хуби зиддимикробӣ ба кор бурда мешавад, зеро меваҳо барои бактерияҳои касалиовар муҳити носоз ба вуҷуд меоранд. Обҷўши ноки хушк сулфаро муолиҷа мекунад.

Себи хушк – мўҳлати нигоҳдори ба меваҳои тару тоза дида зиёд аст ва миқдори зиёди, витаминҳо ва микроэлементҳо дорад. Ғайр аз ин, себ ба ҷараёи мубодилаи моддаҳо дар организм таъсири мусбӣ расонида кори узвҳои ҳозимаро беҳтар мегардонад. Саноати хўроквори себи хушки буридаро барои тайёр намудани шўлаҳои тез тайёршаванда, мюсли истифода мебарад.

Шумо метавонед чунин навъҳои хушкмеваҳоро аз мо дастрас намоед:
  • Баргаки бурида
    Қадоқ: 20кг Гофрозарф (ПП пакетҳо 2 х 10кг)
  • Ноки бурида
    Қадоқ 20 кг крафтхалта (ПП 2 х 10 кг)
  • Себи бурида
    Қадоқ 20 кг Крафтхалта (ПП пакетҳо 4 х 5кг)


 
© Copyright 2011